Ссылки доступа

Таҳдид ба хабарнигори Радиои Озодӣ. ВКД гуфтааст, дар робита ба ҳамла парванда боз кард


Муллораҷаб Юсуфӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ ва Анӯшервон Орифов, гузоришгари "Настояшее Время"

Вакилони мудофеъ аз "Маркази ҳуқуқи инсон" мегӯянд, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайванд ба ҳамла ба хабарнигорону наворбардорони Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее Время" дар Душанбе парвандаи ҷиноӣ кушода, онҳоро ҷабрдида эътироф кардааст.

Дар ин ҳамла, ки 17-уми майи имсол ва баъди суҳбат бо рӯзноманигору фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоева сурат гирифт, шахсони ношинос дастгоҳи наворбардорӣ ва панҷ телефони хабарнигоронро кашида гирифтанд.

Парванда дар ҳоле боз шуд, ки шоми 28-уми майи имсол як марди ношинос дар кӯчаи Лоҳутии пойтахт ба хабарнигори Радиои Озодӣ, Муллораҷаб Юсуфӣ, гуфтааст, дастгоҳҳои сабту телефон бо ӯст ва агар аризаро пас бигиранд, онро бармегардонад. Вай ҳамзамон таҳдид кардааст, ки агар ариза гирифта нашавад, хабарнигор бояд дар бораи саломатии аъзои хонаводааш фикр кунад. Мақомоти интизомӣ рӯзи 7-уми июн ба таҳқиқи парванда сар карданд.

Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов аз "Маркази ҳуқуқи инсон", ки аз ҳаққи хабарнигорон ҳимоят мекунад, рӯзи 8-уми июн бо такя ба муфаттиши Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Сино-2 гуфт, "парванда бар асоси қисми дувуми моддаи 248 (ғоратгарӣ) боз шуд."

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар посух ба муроҷиати Радиои Озодӣ дар бораи андешидани чора барои бехатарии хабарнигорон гуфтааст, "номаро ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе фиристод".

Ҳамла ба хабарнигорон замоне рух дод, ки онҳо барои гирифтани шарҳи Улфатхоним Мамадшоева, яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон, ба хонааш дар Душанбе рафта буданд. Мақомот ӯро ба ташкили тазоҳурот дар вилоят муттаҳам карданд.

Дертар Улфатхоним Мамадшоева ва ҳамсараш Холбаш Холбашов дастгир шуда, дар навори мақомот худро “гунаҳкор” шумурданд, аммо қаблан дар суҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, ки дар ҳодисаҳои охир дар Бадахшон даст надорад.

Хабарнигорон мегӯянд, ҳамлаварон нагуфтанд, кӣ ҳастанд ва чӣ мехоҳанд, “аммо журналистонро хуб мешинохтанд”. Ба нақли онҳо, ҳодиса ба дуздӣ ё роҳзанӣ монанд набуд, чун ҳамлаварон пулҳоро баргардонда, танҳо дастгоҳи сабту телефонҳоро бо худ бурданд. Сабабгорони ҳодиса ҳанӯз ошкору дастгир нагардидаанд.

Ҳамла ба хабарнигорон вокуниши зиёде ба бор овард. Кумитаи дифоъ аз журналистон (Committee to Protect Journalists) аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ҳамла ба чаҳор хабарнигору наворбардори Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее Время"-ро дар Душанбе одилона таҳқиқ кунанд.

Ахиран даҳ созмони рӯзноманигорӣ ва нашрияҳои мустақилу давлатии Тоҷикистон ҳам аз мақомот хостаанд, ки сабабгорони латукӯби хабарнигори Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ ва рӯзноманигору блогери шинохта Далери Имомалиро пайдо карда, ҷазо диҳанд ва ба таъқибу фишорро ба хабарнигорони дигар бас кунанд. Мақомот ҳанӯз ба ин изҳорот посух надодаанд.

XS
SM
MD
LG