Ин ҳодиса дар кӯчаи Ранкештрасси ноҳияи Шарлоттенбурги Берлин рух дод, ки серодам аст.
Бино ба баҳогузориҳои гуногун, аз 8 то 30 кас ҷароҳат бардоштааст.
Пулиси Берлин барқасдона будани ҳодисаро рад намекунад. Ронандаи мошин боздошт шудааст. То кунун маълум нест, ки вай ба чӣ далел мошинро сӯи издиҳом рондааст.
Дар ҳамин кӯча охири соли 2016 теракт рух дода буд. Он замон як мошини боркаш издиҳоми одамонро пахш карда буд. Дар натиҷа 12 кас кушта ва 50 тани дигар маҷруҳ шуда буданд.