Ссылки доступа

"Табибон мефаҳманд, волидон наметарсанд." Ҷоизаи ҳомии дархудмондагон дар Тоҷикистон (видео)


Лола Насриддинова
Лола Насриддинова

Созмони мустақили “Ирода” дар Тоҷикистон, ки солҳо боз ба гирифторони аутизм ё дархудмондагӣ мадад мекунад, ҷоизаи байнулмилалии Ҷулетта Гимон-2022-ро гирифт. Дар Тоҷикистон ба таври расмӣ беморони аутизм сабтином нашудаанд.

Лола Насриддинова, мудири созмони “Ирода”, рӯзи 8-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ин ҷоиза ҷасорат ном дорад. Тақрибан ним сол пеш дархост дода будем. Интизор надоштем, ки барандаи ҷоиза мешавем. Ҳоло яке аз се барандаи ҷоиза ҳастем. Ифтихори бузург аст, ки заҳматҳои моро қадр карданд.”

Хонум Насриддинова, ки як писараш мубталои аутизм аст, даҳ сол пеш созмони “Ирода”-ро таъсис дод. Дар ин муддат ба тақрибан 1400 кӯдаку наврас ва ҷавони дорои аутизм мадад карда, ҳоло мехоҳанд, ба онҳо чӣ гуна мустақилона зистанро биомӯзонанд.

Лола Насриддинова мегӯяд, дар созмони “Ирода” ба падару модар ва наздикони афроди дархудмонда низ тарзи муносибат бо ин гуруҳи одамонро меомӯзонанд. Аксар мураббиён шахсоне ҳастанд, ки фарзандони дорои аутизм доранд.

“Вақте марказро кушодем, аз ҳама хурдтарини онҳо 9-сола буд. Ҳозир кӯдакони якунимро ҳам меоранд. Ин хуб аст. Мо бо пизишкон ҳамкории наздик дорем, дар бораи аутизм нақл мекунем. Бисёр духтурҳо инро мефаҳманд. Падару модарон дигар ҳарос надоранд. Медонанд, ки ба дарс мераванд ва кӯдак хубтар инкишоф меёбад,” – нақл кард Насриддинова.

Мутахассисон бар инанд, ки ошкор кардани аутизм то сесолагии кӯдак душвор аст, вале чӣ қадар зуд дарёфтани он метавонад, сабаби бартараф гаштанаш шавад.

Гулчеҳра Эргашева, ҳамоҳангсози барномаҳои созмони “Ирода” мегӯяд, дар хурдсолӣ ошкору ба рушди кӯдак таваҷҷуҳ кардани волидон ва ба тарбияи хос фаро гирифтани ӯ, имкон дорад, нуқсҳои аутизмро барои инсон камтар кунад.

"Ирода" получила премию Juliette Gimon Courage Awards 2022
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:24 0:00

“Мо якбора чанд усулро истифода мебарем. Методҳое, ки барои муошират ёрӣ мекунад; методҳое, ки барои пайдо шудани калима ёрӣ мекунад; шеваҳое, ки барои дар ҷомеа мутобиқ шудан мадад мекунад ва роҳе, ки барои бо кӯдакони дигар якҷоя бозӣ карданро меомӯзад,” – шарҳ дод ӯ.

Созмони “Ирода”, ки бо мадади молии созмонҳои байнулмилалӣ ва баъзе аз волидон кор мекунад, ҳоло тасмим дорад, маблағи ҷоизаро ки ҳудуди 20 ҳазор доллар аст, барои беҳтар кардани шароити таълим ва таҳсили ин гуруҳи кӯдакону наврасон сарф кунад. Ҷоизаро 16-уми июн дар Вашингтон хоҳанд супурд.

Дархудмондагӣ ё аутизм халале дар рушди мағзи сар аст, ки дар шакли камбуди ҳамгироии иҷтимоӣ ва муошират, инчунин, гирифторӣ ба шавқҳои маҳдуд ва корҳои такроршаванда намудор мегардад.

Масъулони созмонҳое, ки бо ин афрод кор мебаранд, мегӯянд, ҷавонони мубтало бо дархудмондагӣ ҳам мисли аксар ҳамсолони дигарашон барои ояндаи худ орзуву нақшаҳо доранд, аммо дар баёну амалӣ кардани хостаҳои худ мушкил мекашанд.

Бино ба иттилои соли 2019, аз 3500 нафари то ҳаждаҳсола, ки дар маркази ҷумҳуриявии равонпизишкии кишвар сабтином шуда буданд, тақрибан 300 нафар аутизм ё дархудмондагӣ доштаанд.

XS
SM
MD
LG