Ссылки доступа

Аз ибтидои сол дар Узбекистон 250 узви гуруҳҳои тундгаро ошкор шудааст


Дар Узбекистон аз оғози соли ҷорӣ аз фаъолияти 4 гуруҳи тундгарои марбут ба созмонҳои террористии "Катиба тавҳид вал-ҷиҳод" ва "Давлати исломӣ" пешгирӣ шудааст. Бархе аз боздоштшудаҳо нияти ташкили таркишҳоро дар ҷойҳои ҷамъиятии Узбекистон доштаанд, хабар медиҳанд мақомоти он кишвар.

Дар маҷмуъ, ба иттилои раёсати пулиси шаҳри Тошканд, 250 узви ин гуруҳҳо боздошт шудааст.

Ин одамон ба таблиғи ақидаҳои созмонҳои тундгарову террористӣ, даъват ба таркишҳо, ҷалби одамони нав ба сафи гуруҳҳои террористӣ ва сармоягузории терроризм машғул буданд, хабар медиҳанд мақомот.

Дар ҳоли ҳозир нисбати 11 узви ин гуруҳҳо айбнома эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG