Ссылки доступа

Қатораҳои мусофирбар миёни Узбекистону Русия аз 23 июн ба гардиш медароянд


Қатораҳои мусофирбар миёни Узбекистону Русия шуруъ аз 23 июн ба гардиш медароянд. Пештар аз ин гуфта мешуд, ки гардиши қатораҳо аз 14 ба роҳ монда мешавад.

Дар марҳилаи аввал, ба иттилои расмӣ, шуруъ аз 23 июн қатораи масири "Тошканд - Самара" ҳафтае як маротиба ва аз 25 июн қатораи масири "Тошканд - Волгоград" низ ҳафтае як маротиба ба роҳ монда мешавад.

Акнун барои вуруд ба Русия ташхиси коронавирус ё шаҳодатномаи воксингирӣ зарурат надорад. Шаҳрвандони Узбекистон метавонанд, бидуни ин санадҳо вориди Русия шаванд.

Русия ҳамаи маҳдудиятҳои вуруди шаҳрвандони Узбекистонро ба қаламраваш аз 14 июн бекор мекунад.

XS
SM
MD
LG