Ссылки доступа

Макони сохтмони неругоҳи атомиро дар Қазоқистон мушаххас карданд


Заброшенное здание и озеро Балхаш в поселке Улькен Алматинской области. 13 апреля 2019 года.
Заброшенное здание и озеро Балхаш в поселке Улькен Алматинской области. 13 апреля 2019 года.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 9 июн хабар дод, ки ҳукумати кишвараш макони сохтмони неругоҳи атомиро мушаххас кардааст.

Аммо вай нагуфт, ки ин кадом макон аст. Вазири энержии Қазоқистон Болат Акчулаков дирӯз хабар дод, ки неругоҳи атомӣ дар наздикии Балхаши вилояти Алмато сохта мешавад.

Пештар мақомоти Қазоқистон ду маконро - шаҳри Курчатов ва Балхашро ҳамчун макони эҳтимолии сохтмони неругоҳи атомӣ баррасӣ мекарданд.

Тимур Жантикин, мудири ширкати "Пойгоҳҳои барқии атомии Қазоқистон" гуфт, барои сохтмони неругоҳ чаҳор тарҳ мадди назар аст.

"Албатта, ин тарҳи "Росатом"-и Русия, тарҳҳои пешниҳодии Чин ва Куриё ҳам ҳаст. Амороти Муттаҳидаи Арабӣ низ пешниҳоди тарҳ кардаанд", - гуфт Тимур Жантикин.

Арзиши сохтмони неругоҳи атомӣ дар Қазоқистон, ба гуфтаи Жантикин, 8-12 миллиард доллар хоҳад буд.

Неругоҳ мумкин аст, то соли 2035 такмил шавад.

XS
SM
MD
LG