Ссылки доступа

Эътирози зидди вакил дар пушти дари порлумони Қирғизистон


Рӯзи 10 июн рӯзноманигорони қирғизистонӣ Маҳинур Ниёзова, Ойгул Сторожук ва фаъоли ҷомеа Умай Арикова зидди вакили порлумони он кишвар Шайлообек Атазов эътироз карданд.

Эътироз баъди он ташкил шуд, ки Атазов дар як суханрониаш дар ҷаласаи порлумон гуфт, духтарони ҷавон бидуни волидонашон ба хориҷ нараванд. Эътирозгарон талаб карданд, ки Атазов мандати вакилиашро супорад.

Атазов дар ҷаласаи рӯзи 9 июн гуфт, духтарони 18-20-сола бояд дар ҳамроҳии волидонашон ва ё баъди издивоҷ ба хориҷ раванд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин ҳарфҳои вакил интиқод карданд. Ба гуфтаи корбарон, чунин ташаббусҳо ҳуқуқи занонро маҳдуд мекунанд.

XS
SM
MD
LG