Ссылки доступа

Оҳакпазӣ рӯзи сокинони деҳаеро дар Хуросон "сиёҳ" кард (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Оҳакпазӣ рӯзи сокинони деҳаеро дар Хуросон "сиёҳ" кард. Дуди ғализи хумдонҳои оҳакпазӣ дар ҷамоати Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон, ки солҳо боз зиндагии мардуми ин маҳалро “талх” кардааст, айни замон зиндагии гуруҳи дигареро таъмин мекунад. (видео)

-Дар Тоҷикистон ҳуқуқи динӣ то чӣ ҳад риоят мешавад? Дар барномаи Гапи озод ин навбат дар бораи эҳтиром ба озодиву ҳуқуқи динӣ дар Тоҷикистон суҳбат мешавад. То куҷо ҳукумат ба ин ҳуқуқ эҳтиром мегузорад ва то куҷо нодида мегирад? Шерзот Абдуллозода муҳақиқи дини ислом аз Душанбе ва руҳонӣ Муҳаммадсаид Ризоиён руҳонии хориҷ аз кишвар баҳс мекунанд. (видео)

- Аҳволи иқтисоди Русия бадтар мешавад? ​Бо идомаи ҷанги Русия дар Украина, афзоиши таҳримоти иқтисодӣ ба зидди Русия ва тарки ин кишвар кардани ширкатҳои хориҷӣ аҳволи иқтисоди Русия торафт бадтар мешавад. Мардум ҳам батадриҷ оқибатҳои ин ҷангро бештар эҳсос мекунанд ва бахусус дар буҷаи хонаводаи худ. (видео)

- "Ирода" ҷоизаи "Juliette Gimon Courage Awards 2022"-ро дарёфт кард. (видео аз Тоҷикистон)

- Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, гандум дар он кишвар камчин намешавад. ​(видеои Настоящее время)

-Муҳоҷири узбек, ки дар Фаронса қаҳрамон шуд. (видео)

- Дар буҷаи Нурсултон барои варзиши кудакона пул намондааст. (видеои Настоящее время)

- "Вазири дорусоз". Вазири тандурустии Қирғизистон боздошт шуд, вай бо чӣ чиз шуҳрат дошт (видео Настоящее время)

- Чаро Муродҷон наметавонад, девор бардорад? ​Муродҷон Ҷӯрабойзода, сокини маҳаллаи Ҳалимбобои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба ҳавлияш сангу хок овардааст, аммо ду сол боз девор бардошта наметавонад. Мегӯяд, марзбонҳои Қирғизистон монеъ мешаванд, чун минтақаи баҳсӣ мешуморанд (видео)

- Оҳакпазӣ рӯзи сокинони деҳаеро дар Хуросон "сиёҳ" кард. ​Дуди ғализи хумдонҳои оҳакпазӣ дар ҷамоати Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон, ки солҳо боз зиндагии мардуми ин маҳалро “талх” кардааст, айни замон зиндагии гуруҳи дигареро таъмин мекунад (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG