Ссылки доступа

Дар Узбекистон мева камчин ва гарон шудааст


Мева имсол дар бозорҳои Узбекистон камчин ва нархи гелос, себ, шафтолуву зардолу назар ба соли гузашта қариб ду баробар гарон шудааст.

Сокинони Узбекистон дар камчин ва гароншавии мева содиркунандагонро айбдор мекунанд. "Як кило гелос 40 000 сӯм (3,6 доллар) ва бештар аз он арзиш фурӯхта мешавад. Дар бозор зардолу тақрибан нест. Имсол шафтолу низ кам аст. Содиркунандагон меваҳоро мехаранд ва ба хориҷа мефиристанд. Барои мардуми маҳаллӣ меваҳои пӯсида мондаанд, ки бо нархи гарон фурӯхта мешаванд", - изҳор дошт сокини шаҳри Тошканд бо номи Акмал.

Бархе аз коршиносони узбек мегӯянд, мева имсол ба далели сард омадани ҳаво кам шудааст. Ба гуфтаи онҳо, сардии ҳаво дар Узбекистон дар охирҳои моҳи март ва аввали моҳи апрели соли равон ба боғу токпарварӣ зарбаи сахт расондааст.

Бархе аз коршиносони узбак мегӯянд, ки тавлиди меваҷот имсол ба далели сардии ҳаво коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи онҳо, сардии ҳаво дар Узбакистон дар авохири моҳи март ва авоили апрел ба боғу токпарварӣ зарбаи сахт расонд.

Нархи пиёзу картошка, бодиринг ва помидор давоми ду ҳафтаи ахир дар бозорҳои Узбакистон 25 дарсад гаронтар шудааст.

XS
SM
MD
LG