Ссылки доступа

Назарбоев бо Путин дар Москва мулоқот кард


Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо раисҷумҳур Владимир Путин дар шаҳри Москва мулоқот карда, ӯро бо Рӯзи Русия табрик намудааст.

Ба иттилои сомонаи расмии Нурсултон Назарбоев, ҳамчунин президенти пешини Қазоқистон ва раисҷумҳури Русия 30-мин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишварро ба якдигар табрик гуфтаанд.

Табрикоти расмии Нурсултон бахшида ба Рӯзи Русия то ҳол дар сомонаи расмии президенти Қазоқистон нашр нашудааст.

Мулоқоти Назарбоев бо Путин дар пасманзари коҳишёбии нуфузи президенти нахустини Қазоқистон дар умури идории давлат сурат мегирад. Конститутсияи нави Қазоқистон, ки ҳафтаи гузашта ба иҷро даромад, Назарбоевро аз унвону имтиёзҳои президенти нахустин маҳрум сохт. Ҳамчунин раиси Сенати порлумони Қазоқистон гуфт, раҳбарияти кишвар дар ҳоли ҳозир бо Нурсултон Назарбоев "машварат намекунад".

Қарор аст, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев низ ҳафтаи равон аз шаҳри Москва боздид кунад. Ӯ бо даъвати Путин ба Русия меравад.

XS
SM
MD
LG