Ссылки доступа

Панҷ узбекистонӣ барои куштори шаҳрванди Олмон аз 13 то 19 сол зиндонӣ шуданд


Панҷ шаҳрванди Узбекистон дар куштори шаҳрванди 47-солаи афғонтабори Олмон Абдулваҳоб Қаюмӣ дар ноҳияи Ҷомбойи вилояти Самарқанд айбдор эълом ва маҳкум ба зиндон шуданд.

Бино ба гузориши телевизиони "Sevimli", ин панҷ нафар баъди хомӯш кардани барқ ба манзили иҷораи соҳибкор Қаюмӣ бо ниқоб ворид шуда, ӯро мавриди латтукӯби шадид қарор додаанд. Қаюмӣ дертар дар беморхона ҷон додааст.

Яке аз ҳамлагарон, ки ронандаи таксӣ буд, гуфтааст, мехостанд аз манзили соҳибкор маводи мухаддирро дузданд.

Ҳамлагари дувум, ки қаблан суд шудааст, ба хонаи шаҳрванди Олмон ҳамчун мутахассиси соҳаи барқ даъват мешавад ва ӯ онҷо пули бисёрро мебинад ва ҳамроҳи чаҳор шарикаш ҳамларо тарҳрезӣ мекунад.

Додгоҳи Ҷомбой раҳбари гуруҳро 19 сол, се узви гуруҳро 16-18-солӣ зиндонӣ ва ронандаи таксиро, ки ҳамлагаронро бурдааст, 13 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

XS
SM
MD
LG