Ссылки доступа

Тоқаев маҳдудияти берун бурдани асъори хориҷиро аз Қазоқистон сабуктар кард


Президент Қосимҷомарт Тоқаев ба фармони худ “Дар бораи тадбирҳои таъмини суботи молиявии Ҷумҳурии Қазоқистон” тағйирот ворид кардааст.

Ин тағйирот ба Бонки миллии Қазоқистон ва ниҳодҳои зертобеи он иҷозат медиҳад, то асъори хориҷиро, ки беш аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ аст, ба хориҷ аз ин кишвар интиқол диҳанд.

Берун бурдани асъори хориҷӣ ва тилло аз Қазоқистон моҳи марти соли 2022, баъди чанд ҳафта аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина манъ шуда буд. Дертар берун бурдани асъори нақди хориҷӣ ва воситаҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ ба маблағи беш аз муодили 10 ҳазор доллар манъ карда шуд.

Бонки миллии Қазоқистон дар шарҳи ин маҳдудият гуфта буд, ки "манъи берун бурдани асъори хориҷӣ амнияти захираҳои бонкро таъмин хоҳад кард".

XS
SM
MD
LG