Ссылки доступа

Дар Узбекистон кудаки 6-соларо як рӯз пас аз чоҳ зинда берун оварданд


Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон кудаки 6-солаеро наҷот доданд, ки дар деҳаи Лангари ноҳияи Чирокчии вилояти Қашқадарё ба чоҳ афтода буд.

Ба иттилои хадамоти матбуотии вазорат, кудак якшабонарӯз дар он чоҳ мондааст. Манбаъ афзуда, ки як сокини деҳаи Лангар 12 июн ба ин ниҳод тамос гирифта гуфтааст, вақте ӯ дар саҳро кор мекард, кудакаш ба чоҳи артезианӣ афтодааст.

"Дар натиҷаи амалиёти махсуси наҷотдиҳӣ кудакро 13 июн аз чоҳ берун бароварданд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Вазъи кудак дар ҳоли ҳозир хуб арзёбӣ мешавад ва таҳти назорати табибон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG