Ссылки доступа

Дар марзи Қирғизистон бо Узбекистон як нақби махфии дигарро пайдо карданд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, ки дар наздикии марзи ин кишвар бо Узбекистон як нақби махфии дигар ошкор шудааст.

Нақби махфӣ барои қочоқи молро дар манзили як сокини шаҳри Қарасуи вилояти Ӯши Қирғизистон ошкор кардаанд.

Ба иттилои кумита, соҳибхона моҳи сентябри соли 2021 бо шахсони дар ҳоли ҳозир номаълум созиш карда, барои интиқоли маҳсулоти ниёзи аввал ва асъори хориҷӣ ба берун аз Қирғизистон нақбро кандааст.

Гумонбар ҳангоми бозпурсӣ ба гуноҳи худ пурра иқрор шуда, барои ҳамкорӣ бо муфаттишон изҳори омодагӣ кардааст.

Қаблан дар деҳаи Телмани Қарасу низ чунин нақб пайдо шуда буд. Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, нақб дар умқи 15 метр ва дар фосилаи 40 метр аз марз ҷойгир буд. Дарозии он 270 метрро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG