Ссылки доступа

Суқути "Bek Air" дар Алмато: чандин мансабдори пешини қазоқ бо ҷурми "қаллобии замин" зиндонӣ шуданд


Додгоҳи ноҳияи Талғари Қазоқистон ҳукми худро дар робита ба парвандаи "қаллобии замин" дар наздикии фурудгоҳи Алмато содир кард.

Дар доираи ин парванда чандин мансабдори пешини қазоқ бо ҷурми "сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ" ва "қаллобӣ", аз ҷумла фурӯхтани замин дар назди фурудгоҳи Алмато ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд.

Дар курсии айбдорӣ собиқ сардори раёсати меъморию шаҳрсозии ноҳияи Талгар Марат Риспеков, собиқ сардори раёсати муносибатҳои замини вилояти Талғар Максат Тинибой, собиқ иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати муносибатҳои замини ноҳияи Талгар Модиёр Қодирҷон, собиқ раиси ноҳияи Панфилов Нургалӣ Аппазов, собиқ муовини раиси ноҳияи Панфилов Қурмонхон Галеева менишастанд.

Субҳи 27-уми декабр як ҳавопаймои ширкати ҳавоии "Bek Air" бо 93 мусофир ва 5 ҳайати парвоз, дар наздикии Фурудгоҳи байналмилалии Алмато суқут кард. 12 кас кушта шуд.

Намояндагони ширкати ҳавопаймоӣ гуфтанд, агар мақомот дар заминҳои наздикии фурудгоҳ ба бунёди хонаҳои истиқоматӣ иҷозат намедоданд, шумори қурбониёни садама камтар мешуд.

XS
SM
MD
LG