Ссылки доступа

Қазоқистон ҷамъшавии мошинҳоро дар марз бо Қирғизистон шарҳ дод


Мошинҳои маводи сӯхткаш, ки шумораашон баъди фарқ кардани нархи сӯзишворӣ афзоиш ёфтааст, навбатпоиҳоеро дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон ба вуҷуд овардаанд.

Ин нукта дар изҳороти Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфта шудааст.

Хадамот шарҳ додааст, ки барои ин навъи мошинҳо ҳангоми гузаштан аз марз ягон маҳдудият вуҷуд надорад. Аммо онҳо сарбории гузаргоҳҳоро хеле зиёд карда, барои дар наздикии гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҷамъ омадани мошинҳо асос мешаванд.

Нархи сӯзишворӣ дар Қирғизистон дар давоми якуним соли ахир ду баробар боло рафтааст. Бензини навъи АИ-92 дар Бишкек моҳи январи соли гузашта 35 сом арзиш дошт, ҳоло он 60 сом (0,7 доллар) фурӯхта мешавад. Нархи бензини АИ-92 феълан дар Алмато бо пули қирғизӣ 32 сом аст.

XS
SM
MD
LG