Ссылки доступа

Дар ҷанги Украина ду шаҳрванди Қирғизистон кушта шудааст


Ислан Полотов

Ду шаҳрванди Қирғизистон Руслан Полотови 38-сола ва Амонбек Қурбонбоев дар ҷангҳои Украина кушта шудаанд.

Ислан Полотов, сокини вилояти Таласси Қирғизистон дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, бародараш Руслан Полотов "ихтиёрӣ" ба ҷанг рафта буд.

"Вай ҳудуди ду сол пеш ба Русия рафта буд. Кай ба ҷанги Украина рафтааст намедонем. Ӯ дар шаҳри Рубежное кушта шудааст. Ҷасадашро 3 июн аз Москва ба ватан оварда, ба хок супоридем. Бародарам шаҳрванди Қирғизистон буд, аммо мехост шаҳрвандии Русияро гирад", - изҳор доштааст Полотов.

Пештар низ хабар дода буданд, ки шаҳрванди Қирғизистон Амонбек Қурбонбоев дар ҷанги Украина кушта шудааст. Вай майори мустаъфии милитсия буд ва ба ҷонибдорӣ аз артиши Русия меҷангидааст. Ҷасадашро 13 июн дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ба хок супурданд.

XS
SM
MD
LG