Ба огаҳии раёсат, 31 шаҳрванди Узбекистон ва 17 шаҳрванди Тоҷикистон дар минтақаи Қарақонири Қазоқистон ба ҷамъоварии растании шифобахше машғул будаанд.
Нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ бо банди "Вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон дар бахши муҳоҷират аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд" санади маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Шаҳрвандони хориҷӣ бо қарори додгоҳ аз Қазоқистон ихроҷ гаштаанд.