Ссылки доступа

Бозии мунтахаби Тоҷикистон бо Қирғизистон дар Бишкек бидуни гол хотима ёфт


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бозии даври севум ва охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро дар гурӯҳи «F» бо тими миллии Қирғизистон, кишаби сешанбе, 14-уми июн, дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дод.

Бояд гуфт, ки бозиҳои даври охирин дар гурӯҳи «F” чандон арзиши муҳим надоштанд, зеро дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон пешакӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо карданд.

Дар бозии охирин ҳарду даста танҳо барои дар гурӯҳ ғолиб шудан талош варзиданд. Мунтахаби Тоҷикистонро дар ин дидор натиҷаи мусовӣқаноатманд мекард. Бозӣ пуршиддат ва бо ҳуҷумҳои ҳарду даста сурат гирифт, вале бидуни гол ба поён расид.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт бо касби 7 имтиёз дар гурӯҳи «F” ғолиб шуд ва ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии қора, ки аз 16-уми июн то 16-уми июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, роҳ ёфт. Зимнан, тими миллии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт.

Мунтахаби Қирғизистон бо раҳбарии мутахассиси русиягӣ Александр Крестинин низ 7 имтиёз ба даст овард ва бо назардошти таносуби тӯбҳо дар ин гурӯҳ мақоми дувумро азони худ кард. Тими миллии Қирғизистон бори дувум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок хоҳад кард.

Умуман, дар таърихи ҳарду даста ин бозии 16-ум миёни тимҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба шумор мерафт. Дар 9 бозӣ футболбозони тоҷик ва дар 3 дидор футболбозони қирғиз пирӯз шудаанд, чаҳор бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба поён расидааст.

Дар бозии дигари даври охирин дар гурӯҳи «F”, ки 14-уми июн дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови Бишкек доир гардид, дастаи мунтахаби Сингапур тими миллии Мянмарро бо ҳисоби 6:2 мағлуб кард. Сингапур бо касби се имтиёз дар ҷадвали ин гурӯҳ мақоми севумро соҳиб шуд. Мянмар бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт. Ҳарду даста аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 маҳрум гаштанд.

Ёдовар мешавем, марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бояд дар Чин баргузор мешуд, вале як моҳ пеш Чин аз гузаронидани мусобиқа даст кашид. Дар куҷо баргузор шудани марҳилаи ниҳоииҶоми Осиё-2023 рӯзи 17-уми октябри имсол дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) маълум хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG