Ссылки доступа

Бозии мунтахабҳои Узбекистону Ҷопон бе тамошобин баргузор мешавад


Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби футболи ҷавонони Узбекистонро барои сангпартоии мухлисон дар бозӣ бо тими Ироқ муҷозот кардааст.

Бозии тими футболи ҷавонони Узбекистон бо тими мунтахаби Ҷопон дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё бидуни тамошобин баргузор шуда, ҳамчунин Иттиҳодияи футболи он кишвар ҷаримаи ҳангуфт хоҳад пардохт.

Мухлисон дар ҷараёни бозии мунтахабҳои футболи ҷавонони Узбекистон ва Ироқ, ки дар майдони "Пахтакор"-и шаҳри Тошканд 11 июн баргузор шуд, ба майдон санг ҳаво доданд. Дар натиҷа як аккос ва як наворбардор осеб диданд.

Ба огаҳии конфедератсия, мухлисон баъди он партофтани ашёҳои гуногун, аз ҷумла сангҳоро оғоз карданд, ки довар дарвозабони узбакистонӣ Абдувоҳид Неъматовро аз майдон ронд ва бозӣ чанд дақиқа мутаваққиф шуд.

Вохӯрӣ дар ниҳоят ба нафъи мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 3:2 ба поён расид.

XS
SM
MD
LG