Ссылки доступа

Созиши Қирғизистону Тоҷикистон барои роҳ надодан ба корҳои кишоварзӣ дар наздикии марз


Қирғизистон ва Тоҷикистон созиш карданд, ки ба корҳои кишоварзӣ дар наздикии хати марзи давлатии ду кишвар роҳ надиҳанд.

Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ин тасмим дар ҷараёни мулоқоти намояндагони марзбонии ду кишвар, ки шоми 14-уми июн дар миёни гузаргоҳҳои "Қизил-Бел-автодорожный" ( Қирғизистон) ва "Гулистон-автодорожный" (Тоҷикистон) баргузор гашт, гирифта шудааст.

Ҳамчунин ҷонибҳо ба зертобеони худ дастур додаанд, ки фаъолияти посгоҳҳои сарҳадӣ дар мавзеи Булоқ-Бошӣ, ки як рӯз пеш дар он тирпарронӣ рух дод, таҳти назорат қарор дода шаванд.

Давоми даҳ рӯзи ахир бори дувум аст, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни сарҳадбонони ду кишвар тирандозӣ сурат мегирад. Рӯзи 3-юми июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни сарҳадбонони тоҷику қирғиз тирандозӣ сар зад ва ба гуфтаи мақомоти Бишкек ду сарҳадбони он кишвар захмӣ шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам дар изҳороте гуфт, тирандозӣ рӯзи 3-юми июн соати 10:40 ба вақти маҳаллӣ ва баъди он рух дод, ки "сарбозони қирғиз барқасдона ба маҳалли назорати посгоҳи марзи “Кех” дар маҳаллаи Ворухи ноҳияи Исфара ворид шуданд".

Тақрибан нисфе аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва аз ин сабаб байни сокинони ду тарафи марз барои обу замину чарогоҳ муноқиша сар мезанад.

XS
SM
MD
LG