Ссылки доступа

Интиқоли нафти Қазоқистон тавассути Консорсиуми лӯлаи Хазар дубора қатъ шуд


Ҳамлу нақл ва содироти нафти Қазоқистон тавассути Консорсиуми лӯлаи Хазар (КЛХ) дубора қатъ карда шуд.

Хабаргузории "Inbusiness.kz" бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ дода, ки аз 15 июни соли равон дар КЛХ баъзе аз корҳои техникӣ ба нақша гирифта шудааст ва сабаби қатъи ҳамлу нақли нафти Қазоқистон низ ҳамин аст.

Консорсиуми лӯлаи Хазар нимаи моҳи апрели имсол хабар дода буд, ки дар натиҷаи туфони сахт дар терминали баҳрӣ дар наздикии Новороссийск садама рух додааст ва интиқоли нафт тавассути он коҳиш ёфт. Ин консорсиум масири асосии содироти нафти Қазоқистон мебошад.

Дертар сарвазири Қазоқистон Алихон Смаилов баъди мулоқот бо мудири кулли ширкати КЛХ Николай Горбан хабар дод, ки маҳдудияти интиқоли нафт тавассути лӯлаи мазкур бардошта ва қабули нафти қазоқистонӣ аз сӯи боркашонҳо комилан барқарор шудааст.

XS
SM
MD
LG