Ссылки доступа

Дар Узбекистон амали домодеро, ки дар рӯзи тӯй арӯсро зад, "майдаавбошӣ" донистанд (видео)


Зидди домоде, ки дар Узбекистон дар рӯзи тӯй арӯсро зад, бо банди "майдаавбошӣ" парванда боз шудааст.

Хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии оила ва бонувони Узбекистон хабар додааст, ки ин ҳодиса 6 июни соли равон дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхандарё рух додааст.

Дӯстони арӯсу домод барои онҳо дар рӯзи тӯй бозиеро ташкил мекунанд ва домод аз пирӯз шудани арӯс ба хашм омада, ба сари ӯ мезанад.

Сомонаи Газета.uz хабар додааст, "пулиси Узун дар пайи нашри навори ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки баҳсҳои тундеро ба миён овард, бо арӯсу домод ва волидонашон суҳбат анҷом додааст". Манбаи нашрия афзуда, ки зидди домод бо банди "майдаавбошӣ" парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

В Узбекистане жених ударил невесту прямо на свадьбе
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:30 0:00

XS
SM
MD
LG