Ссылки доступа

Дар Бишкек бо сармояи аврупоӣ варзишгоҳи нав месозанд


Бо дастури президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов моҳи августи имсол бунёди варзишгоҳи нав дар шаҳри Бишкек оғоз мешавад.

Сухангӯи президенти Қирғизистон Эрбол Султонбоев гуфт, барои варзишгоҳ дар қисмати ҷанубу шимоли пойтахти он кишвар замин ҷудо гаштааст.

Ба гуфтаи Султонбоев, варзишгоҳро як ширкати аврупоӣ, ки таҷрибаи зиёд дар ин бахшро дорад, бунёд хоҳад кард.

"Маблағи асосии сохтмонро сармоягузорони аврупоӣ медиҳанд ва қарор аст, он дар муддати ду сол сохта шавад", - афзудааст ӯ.

XS
SM
MD
LG