Ссылки доступа

Сӯхтор дар корхонаи нафти Жанаозен. Як кас ҳалок шудааст


Дар натиҷаи оташсӯзие дар корхонаи нафткаши "КЕЗБӢ" дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон як марди 43-сола ҷон бохтааст.

"Агрегати борбардори "АПРС-40" 14 июн, соати 23:50 оташ гирифт. Оташ 15 июн, соати 00:51 хомӯш карда шуд ва дар маҳалли ҳодиса ҷасади сӯхтаи як мардро пайдо карданд. Сабаби сар задани сӯхтор таҳқиқ мешавад", - хабар додааст Хадамоти ҳолатҳои изтирории вилояти Мангистау.

Марди ҳалокшуда сокини ноҳияи Бейнеу Эсен Абилханов будааст ва дар "KEZBI" гуфтанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳоли ҳозир ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва бинобар ин, феълан чизе гуфта наметавонанд.

Нурсултон Нуримов, корманди собиқи ширкати "KEZBI" бо нашри як видео аз маҳалли ҳодиса дар шабаки иҷтимоии Фейсбук навиштааст, ки "қоидаҳои бехатарӣ риоя намешаванд. Таҷҳизот ҳама кӯҳна аст ва мақомот ҳам гӯш намекунанд".

XS
SM
MD
LG