Ссылки доступа

Маъмурони интизомӣ Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро бо худ бурданд


Абдулло Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ

Шоми 15-уми июн дар Душанбе кормандони додситонии ноҳияи Шоҳмансур ду журналист ва блогери тоҷик – Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро бо худ бурданд.

Маълум нест, ки сабаби аз ҷониби мақомот бурда шудани ин ду журналист дар чӣ аст ва то куҷо онҳо дар содир кардани кадом амале гумонбар мешаванд. Мақомот аз шарҳи ин қазия худдорӣ мекунанд. Ин ҳодисаи дар ҳолест, ки Далери Имомалӣ 4-уми июни имсол баъди як сабти видеоиаш дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур боздошту бозпурсӣ шуд ва ҳам мушт хӯрд.

Далери Имомалӣ субҳи 15-уми июн дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар дод, ки ӯро дар роҳ аз Душанбе ба вилояти Суғд мақомоти шӯъбаи дохилии ноҳияи Айнӣ бо худ бурданд. Бино ба навиштаи худи Имомалӣ, ӯ ният дошта ба шаҳри Конибодом барои сабти филми навбатиаш биравад.

Вале баъди нисфирӯзӣ маълум шуд, ки Далери Имомалиро ба додсионии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе бурдаанд. Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, дар ин бино як вакили дифоъ барои намояндагӣ аз ҳуқуқи журналист ҳузур дошт ва то охир дар дохили бино буд. Шоми имрӯз, ҳангоме ки гурӯҳи журналистон мунтазири берун шудани Далери Имомалӣ дар беруни бинои додситонии ноҳияи Шоҳмансур қарор доштанд, чанд нафаре аз дохили бинои додситонӣ Далери Имомалиро ҳамроҳ бо вакили дифояш берун бурда, ба дохили мошини сиёҳшиша андохтанд. Маълум нест, ки ӯро ба куҷо бурданд, вале журналистон мегӯянд, ки саҳнаи аз бино берун бурдану ба дохили мошин нишондани журналист “босуръат ҷараён гирифт ва дида нашуд, ки Далер чӣ ҳолу аҳволе дорад”. Журналистон мушоҳида карданд, ки мошини сиёҳшиша рақамҳои хориҷӣ дошт.

Ҳамин тавр яке аз ҳамкорони ӯ – наворбардори бархе гузоришу филмҳои Далери Имомалӣ журналист Абдулло Ғурбатиро ҳам тахминан соатҳои 16:00-и 15-уми июн ба бинои додситонии ноҳияи Шоҳмансур даъват карда, як соат баъд ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур интиқол доданд. Феълан сарнавишти ин ду журналист маълум нест. Муроҷиатҳои хабарнигорон ба мақомоти ҳифзи қонун беҷавоб мондааст. Вале ба эҳтимоли зиёд, шикояти бархе мақомот аз гузоришҳои видеоии танқидиву бепардаи Далери Имомалӣ аз кори сохторҳои давлатӣ боиси боздошт шудани ӯ гардидааст.

Ин ҳодиса дар ҳоле рӯй медиҳад, ки рӯзи 6-уми июн даҳ созмони рӯзноманигорӣ ва нашрияҳои мустақилу давлатии Тоҷикистон аз мақомот хостанд, ки сабабгорони латукӯби хабарнигори Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ ва блогери шинохта Далери Имомалиро пайдо карда, ҷазо диҳанд. Муллораҷаб Юсуфӣ 17-уми майи имсол латукӯб шуда буд. Мақомот то ҳанӯз дар бораи ин ҳодисаҳо чизе нагуфта, омилонашро ҳам наёфтаанд. Дар изҳорот ба маҳдуд кардани расонаҳо барои бозтоби воқеаҳои ВМКБ; ба бозпурсӣ даъват шудани баъзе хабарнигорон; монеъ шудан ба фаъолияти рӯзноманигорони Радиои Озодӣ – Барот Юсуфӣ, Анушервон Орифов ва Насим Исамов; мусодираи телефону дастгоҳҳои наворбардории онҳо; мусодираи телефону компютери хабарнигори "Азия Плюс" Рамзия Мирзобекова низ ишора шуд.

Муаллифони изҳорот хостаанд, фишору таҳдид ва таъқибу зарбулати хабарнигорон дар Тоҷикистон бас карда шавад , вале айни замон ба рӯзноманигорон тавсия додаанд, “бо дарки манфиатҳои Тоҷикистон, авзои минтақа ва ҷаҳон” меъёри касбиву ахлоқиро риоя кунанд.

Солҳо боз ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии баён танқид мекунанд. Мақомот, баръакс, бовар доранд, ки даҳҳо рӯзномаву маҷалла ва телевизиону радио фаъоланду касе монеи сухани ҳақ нест. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, аз сатҳи озодии матбуот дар кишвар розӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG