Ссылки доступа

Таҷаммуи ҷонибдорони раҳбари Ҳизби демократи Қазоқистон дар назди боздоштгоҳ


Гуруҳе аз ҷонибдорони раиси Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон Ҷонболат Мамай субҳи 15 июн дар назди боздоштгоҳи ЛА-155/18, ки ӯ дар онҷо нигаҳдорӣ мешавад, ҷамъ шуда, вайро бо зодрӯзаш табрик карданд.

Дар миёни онҳое, ки барои ҷонибдорӣ аз фаъоли мадании қазоқ ба назди боздоштгоҳ рафта буданд, котиби пешини Шӯрои амнияти Қазоқистон Толеген Жукеев, рӯзноманигор Булат Абилов, фаъоли ҷамъиятӣ Рисбек Сарсенбайулӣ низ буданд. Ҳамсари Мамай Инга Имонбой низ онҷо буд.

Таҷаммуъгарон лавҳаҳоеро бо навиштаҳои "Додгоҳи Мамай - додгоҳи оянда!" ва "Тоқаев Мамайро озод кун!" дар даст доштанд. Яке аз шарикони Мамай Абзал Достиёров гуфт, раиси Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон бори севум аст, ки зодрӯзашро дар зиндон ҷашн мегирад.

Мамайи 34-сола аз 26 феврали имсол дар боздоштгоҳи Алмато қарор дорад. Ӯ баъди гирдиҳамоии ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон бо иттиҳоми нақзи қоидаи ташкили тазоҳуроти осоишта нахуст 15 шабонарӯз ҳабс ва сипас бо гумони "паҳн кардани маълумоти бардурӯғ" ва "таҳқири намояндаи мақомот" ба СИЗО интиқол дода шуд.

XS
SM
MD
LG