Ссылки доступа

Тоқаев ба Улитау, маҳалли баргузории "Қурултойи миллӣ" рафт


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба вилояти навтаъсиси Улитауи ин кишвар, ки қарор аст, дар он нахустин ҷаласаи "Қурултойи миллӣ" баргузор шавад, сафар кардааст.

"Тоқаев дар ҷараёни ин сафар бо раванди рушди вилояти Улитау ва шаҳри Жезказган ошно хоҳад шуд. Дар нимаи дувуми рӯз дар ҷаласаи "Қурултойи миллӣ" иштирок мекунад", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон.

Хабаргузории КазТАГ менависад, ки омодагиҳо ба ҷаласаи "Курултойи миллӣ" дар Улитау ба таври махфӣ сурат мегиранд.

Президенти Қазоқистон 15 июн бо имзои фармоне "Қурултойи миллӣ" (шӯрои мардумӣ)-ро таъсис дод ва худаш раҳбари он интихоб шуд.

Мушовири президенти Қазоқистон Ерлан Карин, ки муовини раиси қурултой таъйин шудааст, гуфт, "Қурултойи миллӣ" ҳамчун “минбари муколама барои дарёфту рушди ғояҳо ва қадамҳо дар самти таҳкиму тавсеаи иттиҳоди ҷомеаи он кишвар ташкил шудааст".

XS
SM
MD
LG