Ссылки доступа

Бақайдгирии онлайнӣ ба донишгоҳҳои Узбекистон аз 20 июн оғоз мешавад


Сабтиноми довталабон барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои давлатии Узбекистон ҳамасола аз 20 июн то 20 июл сурат мегирад. Ин дар фармони президент Шавкат Мирзиёев аз 15 июн қайд шудааст.

Бақайдгирӣ ба бахшҳои таҳсилоти бакалаврӣ, ки дар онҳо имтиҳони касбӣ (эҷодӣ) аз забони хориҷӣ гузаронида мешавад, то 10 июл (бо назардошти он) сурат хоҳад гирифт.

Донишгоҳҳои Узбекистон қарор аст, имсол 110 707 донишҷӯ ва 10 688 донишомӯз дар бахши магистратура қабул кунанд.

XS
SM
MD
LG