Ссылки доступа

Бонки миллии Қазоқистон маҳдудияти берунбарии рублро бекор кард (видео)


Нацбанк Казахстана разрешил банкам вывозить российские рубли из страны
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:13 0:00

Бонки миллии Қазоқистон раванди коҳиш додани истифодаи рубли русиро шуруъ мекунад ва аз 15 июл то 31 августи имсол ба бонкҳои сатҳи дуввуми ин кишвар иҷозат дода мешавад, ки рублро берун баранд.

Ин истисно танҳо барои рубл хоҳад буд ва ба нақдинаи асъори хориҷии боқимонда, ки муодили беш аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ ҳастанд, ҳанӯз ҳам иҷозати берун бурдан дода намешавад. Дар лоиҳаи қарори Бонки миллии Қазоқистон гуфта шудааст, ки "муомилоти пулии рубл аз талабот зиёд аст".

Ҳамчунин бонкҳои Қазоқистон ҳангоми қабули рубли русӣ ба ҳисобҳои ҷорӣ ё пасандоз фоиз (комиссия) ҷорӣ кардаанд. Баландтарин фоизро Бонки "СентрКредит" пешниҳод кардааст, ки 20 дарсадро ташкил медиҳад.

Русия шарики асосии тиҷори Қазоқистон аст. Ин кишвар танҳо соли гузашта аз Русия ба маблағи 18,5 миллиард доллар мол харидааст ва 63 дарсади тамоми муомилот бо рубл анҷом шудааст. Аммо пас аз таҳримҳои Москва воридоти Русия ба Қазоқистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта ва рубле, ки дар тиҷорат миёни ду кишвар истифода мешуд, нолозим шуд.

XS
SM
MD
LG