Бино ба иттилои расонаи “Хроника Туркменистана”, сокинони вилоятҳои Туркманистон ҳанӯз ҳам барои боздид аз Ишқобод бояд иҷозатнома гиранд. Шаҳрвандоне, ки бо қатора ё ҳавопаймо ба пойтахти Туркманистон сафар мекунанд, бояд натиҷаи санҷиши манфии COVID-19-ро нишон диҳанд.
Қабл аз ин шаҳрвандони Туркманистон танҳо барои иштирок дар маросими дафн, ёрии таъҷилии тиббӣ, эҳтиёҷи корӣ ё таҳсил метавонистанд ба пойтахт ворид шаванд ё онро тарк кунанд.
Пештар хабар дода шуд, ки Туркманистон ба интиқоли транзитии мол аз Узбекистон иҷозат додааст.