Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ҷазо барои ғасби замин сангинтар мешавад


Вазорати адлияи Қирғизистон пешниҳод дорад, ки бо ворид кардани тағйирот ба кодексҳои ҷиноӣ ва маъмурии ин кишвар барои ғасби худсаронаи замин ҷазои сангинтар таъйин карда шавад.

Лоиҳаи қонун дар сомонаи расмии вазорат барои баррасии ом нашр шудааст.

Дар кодекси нав пешниҳод шудааст, ки ҷарима барои ғасби худсаронаи қитъаи замини ғайр аз 20-50 ҳазор то 50-100 ҳазор сом (650-1200 доллар) афзоиш дода шавад. Дар бандҳои қонун ҳамчунин қоидаи баргардонидани замин ва рафъи оқибатҳои ғасби он пешбинӣ шудааст, ки дар кодексҳои кунунӣ нест.

Қонуни амалкунанда дар сурати ғасби замин бо истифода аз зӯроварӣ то 5 сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Дар қонуни нав пешниҳод шудааст, ки он то ба 7 сол зиёд карда шавад ва меъёри баргардонидани замин ҳам илова гардад.

XS
SM
MD
LG