Ссылки доступа

Дар Қирғизистон "афви манзил" мешавад


Мақомоти Қирғизистон бар асоси қонун “Дар бораи танзими муносибатҳои замин” категорияи 29 ҳазору 872 гектар заминро тағйир медиҳанд.

Ба иттилои хадамоти матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон, ин санад рӯзи 17-уми март аз сӯи порлумони он кишвар пазируфта шуда, аз 5 апрел мавриди иҷро қарор дорад.

Девони вазирони Қирғизистон 31 май бар асоси қонуни мазкур низомнома "Дар бораи тартиби афви замин"-ро тасдиқ кард.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, то имрӯз 142 ҳазору 337 қитъаи замине муайян шудааст, ки сокинон дар онҳо ғайриқонунӣ биноҳои истиқоматӣ бунёд кардаанд. Ҳамзамон ба беш аз 28 ҳазор нафар шаҳрвандон шиносномаи техникӣ дода шудааст.

Қаблан шаҳрдории пойтахти Қирғизистон қайд карда буд, ки "таҳияи шиносномаи техникӣ ҳуқуқи қонунигардониро намедиҳад, он танҳо маълумоти фаннӣ дар бораи амволи ғайриманқулро дар бар мегирад, аммо ин санад яке аз қадамҳои аввалин дар роҳи ҳалли мушкилиҳост".

XS
SM
MD
LG