Ссылки доступа

Қирғизистон ба Куриёи Ҷанубӣ муҳоҷири корӣ мефиристад


Сокинони вилояти Талласи Қирғизистон имкон пайдо карданд, ки дар доираи як барнома дар Куриёи Ҷанубӣ ҷои кор пайдо кунанд.

Ба огаҳии Вазорати меҳнат, таъмини иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон, ин имкон дар пайи имзо шудани як созишнома бо раиси ноҳияи Кочанги Куриёи Ҷанубӣ фароҳам шудааст.

Бар асоси созишнома, 50 сокини Талас бо ҷои кори муваққат (панҷмоҳа) дар бахши кишоварзии Куриёи Ҷанубӣ таъмин шуда, соли оянда теъдоди ҷойҳои корӣ ба 300 расонида мешавад.

Озмуни интихоби кормандонро дастгоҳи намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Талас баргузор хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки Куриёи Ҷанубӣ ибтидои моҳи соли равон қабули муҳоҷирони корӣ аз Қирғизистонро бар асоси созишномае, ки моҳи марти соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус иҷрои он боз дошта шуда буд, аз сар гирифтааст.

XS
SM
MD
LG