Ссылки доступа

Пулиси Қазоқистон баъди ҳалокати кормандони АМТ ду касро боздошт кард


Департаменти пулиси вилояти Қарағандаи Қазоқистон хабар додааст, ки баъди таркиш дар корхонаи металлургии "АрселорМиттал Темиртау" (АМТ)-и шаҳри Темиртау ду кормандро бо гумони "нақзи қоидаҳои бехатарӣ" дастгир кардааст.

"Дар ҷараёни тафтиши қазия кормандони корхона, аз ҷумла масъулони таъмини бехатарии кор, бозпурсӣ шуданд. Бо назардошти маводи ҷамъоваришуда ду роҳбаре, ки барои анҷоми корҳои бехатарӣ масъуланд, бо гумони содир намудани ҷиноят дастгир шуданд", - омадааст дар иттилоияи департамент.

Манбаъ дар бораи ному насаб ва мансабҳои гумонбарон чизе нагуфтааст.

Гумонбарон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, зиддашон бо банди "Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ, ки боиси марги инсон шудааст" парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст.

Дар корхонаи АМТ 10 июн таркиш рух дод. Дар натиҷа чаҳор корманд ҷон бохта, як тани дигар захмӣ шуд.

XS
SM
MD
LG