Ссылки доступа

Додситонии Қазоқистон гуфт, ҳодисаҳои моҳи январро 27 нафар ташкил карданд


Додситонии кулли Қазоқистон 27 нафарро созмондиҳандаи ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар саросари он кишвар медонад. Дар ин бора Серик Шалабаев, як масъули додситонӣ 20 июн хабар додааст.

Шалабаев дар бораи шахсияти гумонбарони нав дар ташкили нооромиҳо чизе нагуфт. Аммо ба гуфтаи ӯ, дар рӯйдодҳои моҳи январ "ҷинояткорон" - бахусус, Арман Ҷумакелдиев, маъруф ба "Армани ваҳшӣ" нақши калидӣ доштааст. Ӯ ва шариконаш гӯиё рӯзи 6 январ ба ҷинояткорон, ки ба таври муташаккил дар меҳмонхонаи "Қазоқистон"-и Алмато ҷамъ омада буданд, таппонча тақсим кардааст.

"Ҷинояткорон ҳангоми дастрас кардани силоҳ ҳамзамон аз рафиқони Ҷумакелдиев дастур гирифтанд. Онҳо ба гурӯҳҳои 10-нафарӣ тақсим шуда, нақшаҳои худро муайян карданд. Раҳбарҳо таъин карда шуданд, ки созмондиҳандагон ба онҳо кулоҳҳои муҳофизатӣ барои сар, силоҳи оташфишон ва 200 ҳазор тангаӣ супурданд", - афзуд ӯ.

Ба иттилои додситонӣ, ҳамчунин 40 кас бо гумони одамрабоӣ боздошт шудааст. Онҳо 24 шаҳрвандро рабуда, дар таҳхонаи меҳмонсарое нигаҳ дошта, латтукӯб кардаанд. Дар ҳоли ҳозир муайян кардани дастандаркорони дигар идома дорад.

XS
SM
MD
LG