Ссылки доступа

Дар Қирғизистон сатҳи фақр аз 25 то ба 38 дарсад боло рафтааст


Вакили порлумони Қирғизистон Ойбек Осмонов гуфт, сатҳи фақр дар ин кишвар аз 25 то ба 38 дарсад боло рафтааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии порлумони Қирғизистон, Осмонов дар ин бора рӯзи 20 июн дар ҷаласаи кумитаи умури байналмилалӣ, дифоъ, амният ва муҳоҷират изҳори назар кардааст. Ӯ гуфта, ки ин маълумоти СММ аст ва хостори таъсиси ҷойҳои корӣ дар Қирғизистон шудааст.

Қаблан гузоришгари вижаи СММ дар умури фақр ва ҳуқуқи башар Оливе де Шуттер аз Қирғизистон боздид карда, бо талошҳои ҳукумати ин кишвар барои аз байн бурдани фақр ошно шуда буд. Вай гузориши худро аз натиҷаи боздидаш ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар моҳи июни соли 2023 пешниҳод хоҳад кард.

Қирғизистон дар раддабандии фақиртарин кишварҳои ҷаҳон, ки аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ таҳия мешавад, дар ҷои 60-ум қарор дорад. Бар асоси он, 53 дарсади аҳолии Қирғизистон зери хатти фақр ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG