Ссылки доступа

Чаро шакар дар Қазоқистон гарону камчин шуд? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Чаро шакар дар Қазоқистон гарону камчин шуд? ​Камчин шудани шакар дар Қазоқистон ҳафтаҳоти ахир бештар эҳсос мешавад. Як корхонаи қаннодӣ эълон кардааст, ки ба далели набуди шакар фаъолияташро қатъ мекунад. Раҳбарони корхонаи “Лотте Роҳат” гуфтаанд, маҷбуранд муваққатан аз тавлиди шириниҳо худдорӣ кунад, чун барои идомаи кор шакар надоранд. (видео)

- Паноҳҷӯён аз Тоҷикистон то куҷоҳо рафтаанд? ​Раванди паноҳҷӯии тоҷикистониҳо баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуда, ба гуфтаи соҳибназарон, то ҳол идома дорад. (видео)

- Аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, блогерҳоро озод кунад.​ Созмони Гузоришгарони Бидуни марз боздошти блоггер ва хабарнигорони тоҷик Абдуллои Ғурбатӣ ва Далери Имомалиро маҳкум карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки онҳоро раҳо кунад. (видео)

- Далери Имомалиро ду моҳ ба ҳабс гирифтанд. Далери Имомалӣ, хабарнигору блогери шинохта ва узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистонро ба гумони "ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ" ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Ҳамроҳи ӯ ҳамкораш, хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ, низ дастгир шудааст, аммо дақиқ нест, ки додгоҳ нисбати ӯ чӣ қароре бароварда. (видео)

- Шокирҷон Ҳакимов боздошти хабарнигоронро танқид кард. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва профессори ҳуқуқшинос, мегӯяд боздошти хабарнигорон Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ барои озодии баён дар Тоҷикистон бад аст. (видео)

- Дар Ашт паёмадҳои фалокатро бартараф мекунанд.​ Дар ноҳияи Ашт рафъи оқибатҳои сели харобиовар идома дорад. Сокинони зарардидаи ноҳия, ки ба кишту кор машғул буданд, ҳоло ҳама корро як сӯ гузошта бо роҳи ҳашари умумӣ дар пайи бартараф кардани паёмади офати табиӣ ҳастанд. (видео)

- Чаро Тоҷикистон истифодаи чароғҳои каммасрафро манъ кард. Ҳукумати Тоҷикистон бо як қарор воридот ва фурӯши чароғҳои каммасрафро манъ карда, лампаҳои светодиодӣ ҷойгузини онҳо шуданд. Сабаби манъ кардани воридот, фуруш ва истифодаи лампаҳои каммасрафро зиёни он ба саломатӣ ва муҳити зист гуфта шудааст. (видео)

- Муҳоҷирон аз Русия дилсард шудаанд? Ҷанги Русия алайҳи Украина ва зарари он ба иқтисоди кишварҳо, то андозае ба фикру нақшаҳои муҳоҷирони корӣ ҳам таъсир кардааст. Баъзе муҳаққиқон мегӯянд, муҳоҷирон, ки ба кор дар Русия одат карда буданд, ҳамакнун дар фикри тарки ин кишвар ва ҷустуҷӯи кор дар давлатҳои дигар мешаванд. (видео)

- Шакар дар Қазоқистон камчин шудааст: навбатпоиҳо ва 90% гароншавӣ. (видеои Настоящее время)​

- Аҳмадзода гуфт, сабаби тирпаррониро таҳқиқ мекунанд.​ Дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми июн як сарҳадбони 26-солаи тоҷик кушта шудааст. (видео)

- Оё "Вкусно" ҷойи Mcdonald's-ро мегирад? ​12 июн, замоне ки мардуми Русия рӯзи истиқлоли ин кишварро ҷашн мегирифтанд, шабакаи ошхонаҳои фастфуди Макдоналдс бо номи "Вкусно и точка" дари худро кушод. Як моҳ пеш ин шабакаи маъруфи ошхонаҳои амрикоӣ бо ишора ба таҷовузи Русия ба хоки Украина фаъолияташро дар Русия бас кард. (видео)

- Дасти "пешво"-ро дар тасмимгириҳои сиёсӣ "кӯтоҳ" кардаанд.​ Президенти пешини Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, дигар ҳаққи дахолат ба корҳои сиёсии ин кишварро надорад, вале барои фаъолиятҳои гузаштааш ҷавобгар нахоҳад буд. Мавлон Ашимбоев, раиси Сенати Қазоқистон, охири ҳафтаи гузашта дар ин бора хабар дод. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG