Ссылки доступа

Президенти Озарбойҷон вориди шаҳри Тошканд шуд


Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо як сафари расмӣ субҳи 21 июн вориди шаҳри тошканд шуд.

Алиевро дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ва шахсони дигари расмӣ пешвоз гирифтаанд.

Чорабиниҳои асосии сафар имрӯз баргузор мешаванд. Қарор аст, раҳбарони Узбекистону Озарбойҷон дар мулоқоти худ масъалаҳои марбут ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар ва тақвияти ҳамкориҳои бисёрҷонибаро баррасӣ кунанд.

Ҳамчунин имзои санадҳои дуҷониба дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика, илму навоварӣ ва сайёҳӣ дар назар аст.

XS
SM
MD
LG