Ссылки доступа

Шаҳрванди Қазоқистон барои тазоҳурот алайҳи ҷанг дар Украина ҷарима шуд


Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Москва шаҳрванди Қазоқистон Владимир Чувиловро бар асоси моддаҳои “беобрӯ кардани артиши Русия” ва “вайрон кардани қоидаҳои баргузории тазоҳурот” 70 ҳазор рубл ҷарима кард.

Дар ин бора лоиҳаи ҳомии ҳуқуқи "ОВД-Инфо" хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Қазоқистон ҳамчунин ба нақзи қонунҳуои муҳоҷирати Русия айбдор мешуд, вале вакили дифоъ тавонистааст, бегуноҳии ӯро дар ин бора собит кунад.

Владимир Чувиловро 19 июн дар Майдони сурхи Москва дастгир карданд. Ӯ дар даст лавҳае бар зидди ҷанг дар Украина тазоҳуроти инфиродӣ баргузор кард.

Қазоқистониҳо зидди ҳамлаи Русия ба Украина дар кишвари худ низ борҳо тазоҳурот карда буданд. Эътирозҳо бидуни иҷозати мақомот баргузор шуда, бо боздоштҳо анҷомиданд.

XS
SM
MD
LG