Ссылки доступа

Дар Қазоқистон кормандони як ширкат ҳамроҳи ҳамсаронашон эътироз доранд


Ҳамсарони кормандони ширкати "Завод стеклопластиковых труб" дар ноҳияи Мунайлии вилояти Мангистауи Қазоқистон, ки аз 23 май ба ин сӯ корпартоӣ доранд, субҳи 22 июн ба сафи шавҳарони худ пайвастанд.

Яке аз кормандони корхона Еркебулан Жаманкулов дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, ҳамкоронаш як моҳ мешавад, ки талаб доранд, то ба қарордоди кории онҳо "талаб дар бораи маош ва пардохтҳои иҷтимоӣ" ворид карда шавад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамсарони кормандон низ ба эътироз пайваста, гуфтаанд, то талаби шавҳаронашон иҷро нашавад, ба хонаҳои худ барнамегарданд.

Коршикании кормандони ширкати "Завод стеклопластиковых труб" дар Мунайлӣ 23 майи соли равон оғоз шуд. Онҳо давоми як моҳ мешавад, дар хаймаҳое, ки дар наздикии коргоҳашон насб шудааст, зиндагӣ доранд. Эътирозгарон пардохти пурраи маошашонро талаб мекунанд.

Масъулони корхона то ҳол намегӯянд, ки маоши кормандонро кай пардохт хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG