Ссылки доступа

Кумитаи амнияти Қазоқистон гуфт, ҷияни Назарбоев бозпурсӣ мешавад


Муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Аскар Амирхонов гуфт, ҷияни президенти пешини ин кишвар Самат Абиш дар доираи парвандае бозпурсӣ мешавад.

Ба гуфтаи Амирхонов, Самат Абиш дар ҳоли ҳозир баёнот медиҳад. Вале ӯ нагуфт, ки Абиш дар озодӣ аст ё дар ҳабс.

Самат Абиш, ҷияни президенти пешин Нурсултон Назарбоев, ки ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон кор мекард, баъди ҳодисаҳои моҳи январ аз мақом барканор шуд.

Расонаҳо моҳи март хабар доданд, ки Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон 15 парвандаи хиёнат ба давлат, кушиши ғасби қудрат ва гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калонро тафтиш дорад. Дар доираи ин парвандаҳо зидди раиси пешини ин кумита ва се муовинаш тафтишот оғоз шудааст.

Ҳамчунин Додситонии кулли Қазоқистон иттилоъ дод, ки баъди ҳодисаҳои моҳи январ раҳбарони се шуъбаи амният ва ду сардори пулисро дар минтақаҳо дастгир кардааст.

XS
SM
MD
LG