Ссылки доступа

Дар бозори бародари Назарбоев нархҳо гарон будааст


Оҷонси ҳифз ва рушди рақобат дар Қазоқистон мегӯяд, парванда дар бораи беш аз ҳад гарон будани нархҳо дар бозори "Олтин Орда", ки ба бародари президенти пешини ин кишвар Болат Назарбоев рабт дода мешавад, ба додгоҳ фиристода шудаааст.

"Бар асоси натиҷаи санҷиши фаъолияти бозори "Олтин Орда" дар мавриди риояи қонунҳо дар бораи рақобат парвандаи маъмурӣ боз карда шудааст" - омадааст дар иттилоияи оҷосн.

Оҷонс моҳи марти соли равон хабар дода буд, ки санҷишҳо муайян кардаанд, бозори мазкур мавқеи монополиро ишғол карда, қонунгузориро нодида гирифтааст.

Ба гуфтаи масъулони оҷонс, сухан аз нақзи қонун дар соҳаи "ҳимояи рақобат дар робита ба сӯиистифода аз мавқеи инҳисорӣ, ки ба таъсис ва нигоҳ доштани нархи баланди монополист" нигаронида шудааст, меравад.

XS
SM
MD
LG