Ссылки доступа

Қудратиҳои рус, узбек, қазоқ ва қирғиз гуруҳи байналмилалии қочоқбаронро боздошт карданд


Вазоратҳои корҳои дохилии Русия, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар натиҷаи як амалиёти муштарак фаъолияти гуруҳеро ошкор кардаанд, ки бо истеҳсол ва фурӯши маводи мухаддири синтетикӣ машғул будааст.

Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба суханҳои вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев 21 июн хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин амалиёти вижа Хадамоти амнияти почтаҳои Русия низ иштирок дошт.

“Дар ҷараёни амалиёт ҳашт озмоишгоҳи махфии маводи мухаддир нобуд карда шуд. Аз озмоишгоҳҳо 600 литр маводи кимиёии моеъ барои истеҳсоли маводи мухаддир мусодира гаштааст. Арзиши умумии маводи мухаддири мусодирашуда 280 миллион рублро ташкил медиҳад”, - изҳор доштааст вазири рус.

Созмондиҳандагони гуруҳ ва иштирокчиёни он боздошт шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG