Ссылки доступа

Тошканду Кобул тарҳи роҳи оҳани фароафғониро меомӯзанд


Мақомоти Узбекистон ва Афғонистон мехоҳанд, дар робита ба масири пешниҳодии роҳи оҳани “Фароафғонӣ”, ки шабакаҳои роҳи оҳани Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба ҳам мепайвандад, пажӯҳиш гузаронанд.

Дар ин бора хабаргузории Tolo News бо такя ба изҳороти Ширкати “Роҳи оҳани Афғонистон” хабар додааст.

Раиси ширкат Бахтраҳмон Шарофат гуфт, Кобул аз Тошканди расмӣ номае бо пешниҳоди оғози амалисозии лоиҳаи нақлиётӣ дар Афғонистон дарёфт кардааст.

“Шаби гузашта мо аз Узбекистон нома дарёфт кардем. Онҳо омодаанд, ки лоиҳаи “Фароафғонӣ”-и роҳи оҳанро оғоз кунанд”, - изҳор доштааст Шарофат.

Тарҳи роҳи оҳани “Фароафғонӣ” Осиёи Ҷанубу Марказиро тавассути Афғонистон мепайвандад.

XS
SM
MD
LG