Ссылки доступа

Дар Қазоқистон бекоронеро, ки дар назди вазорати меҳнат ҷамъ шуданд, ҷарима бастанд


Пулиси шаҳри Нурсултони Қазоқистон 19 сокини шаҳри Жанаозенро, ки бо талаби ҷои кор дар назди бинои Вазорати меҳнати ин кишвар ҷамъ шуда буданд, боздошт ва 15 ҳазор танга (тақрибан 33 доллар) ҷарима кардааст.

Яке аз ҷаримашудаҳо Ерлан Утенов дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, пулис онҳоро ба "итоат накардан ба талаби қонунии шахси иштироккунанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ" айбдор донистааст.

Ба гуфтаи ӯ, маъмурони пулис субҳи барвакт замоне ба назди бинои вазорати меҳнати Қазоқистон рафтанд, ки баъзе аз таҷаммуъгарон ҳанӯз дар хаймаҳо хоб буданд.

Дар Жанаозен даҳҳо сокини маҳаллӣ чанд ҳафта дар назди бинои шаҳрдорӣ шабро рӯз карда, талаб доранд, ки дар бахши коркарди нафт бо кор таъмин шаванд. Қисме аз бекорон рӯзи 12 июн ба умеди гуфтушунид бо масъулини Вазорати меҳнати Қазоқистон ба пойтахт рафта буданд.

XS
SM
MD
LG