Ссылки доступа

Президенти Қазоқистон Аскар Оқоевро ба ҳузур пазируфтааст


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 23 июн президенти пешини Қирғизистон Аскар Оқоевро дар шаҳри Нурсултон ба ҳузур пазируфтааст.

Бекболот Талгарбеков, фаъоли ҷамъиятӣ ва шахси наздик ба Оқоев ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар додааст, ки президенти пешини Қирғизистон се рӯз дар шаҳри Алмато буд ва сипас ба шаҳри Нурсултон рафта, бо Тоқаев мулоқот кард.

Хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон дар ин бора расман хабар надодааст, вале як қатор расонаҳои маҳаллии он кишвар бо нашри акси якҷояи Оқоев ва Тоқаев хабари мулоқотро тасдиқ кардаанд.

Оқоев 19 июн барои ироаи маъруза ба Донишгоҳи миллии Қазоқистон рафта буд ва дар шарҳи ҳодисаҳои моҳи январи он кишвар гуфт, эътирозҳо дар кишварҳо замоне сар мезананд, ки раҳбарон пешравӣ накунанд.

Дар Қирғизистон 24-уми марти соли 2005 эътирозҳои мардумӣ оғоз шуда, Аскар Оқоев пас аз 15 соли раҳбарии ин кишвар маҷбур шуд, ба хориҷ фирор кунад. Хонаводаи Оқоевҳо ба Русия паноҳ бурда, то ҳол ба ватан барнагаштаанд ва дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Баъди фирори Оқоев зидди аъзои хонаводаи ӯ парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуд.

XS
SM
MD
LG