Ссылки доступа

Қазоқистон Тигран Кеосаянро ба "рӯйхати террористон" шомил кард


Қазоқистон таблиғотгари рус Тигран Кеосаянро бо террористон дар як радиф қарор дода, вуруди онро ба қаламрави худ манъ кардааст.

"Вуруди Кеосаян баъди он ки дар расонаҳо гуфта шуд, ки ба рӯйхати афроди "номатлуб" ворид карда мешавад, манъ гаштааст. Таблиғотгари рус ба "рӯйхати номатлуб", ки дар он номи террористон ҳаст, шомил шудааст", - иттилоъ додааст хабаргузории КазТАГ бо истинод ба манбаи худ.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Ойбек Смадияров тасдиқ кард, ки вуруди Кеосаян ба ин кишвар манъ шудааст. Ӯ афзуд, ки ингуна рӯйхат дар ҳама кишварҳо ҳаст ва таблиғотгари рус низ бо пешниҳоди Вазорати умури хориҷии Қазоқистон ба он шомил гаштааст.

Кеосаян 24 апрели соли равон дар саҳифаи худ дар шабакаи Ютуб видеоеро нашр кард, ки дар он роҷеъ ба Қазоқистон суханҳои бад мегӯяд. Ӯ Қазоқистонро барои даст кашидан аз паради ҳарбӣ бахшида ба 9 май ҳушдор медиҳад, ки "тақдири Украина дар он такрор хоҳад шуд".

XS
SM
MD
LG