Ссылки доступа

Президенти пешини Туркманистонро ба додгоҳ кашиданд


Шаҳрвандони Туркманистон, ки дар Туркия паноҳанда ҳастанд, президенти пешини худ Қурбонгуӣ Бердимуҳаммадов ва як қатор мансабдоронро ба додгоҳ кашидаанд.

Онҳо президенти пешини Туркманистон ва мансабдрони кишвари худро ба нақзи ошкорои ҳуқуқи инсон айбдор кардаанд.

Вакили дифои паноҳандаҳои туркман Гюлден Сонмез бо нашри як видео дар Интернет хабар дод, ки зидди Бердимуҳаммадов, вазири умури хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ва вазири умури дохилии он кишвар Муҳаммад Хидиров 21 июн ба додгоҳи шаҳри Истамбули Туркия расман шикоят карда шудааст.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, президенти пешин ва мансабдорони баландпояи Туркманистон ба нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла “боздоштҳои ғайриқонунӣ, муҷозоти бидуни додгоҳ ва шиканҷаи дастгиршудаҳо” айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG