Ссылки доступа

Эътирози кишоварзони қирғиз ба воридоти тарбуз аз Узбекистон


Сардори шуъбаи иқтисод ва рушди минтақаҳои дастгоҳи президенти Қирғизистон Ирисбек Изобеков хабар дод, ки минбаъд сифати тарбузҳои воридотӣ аз Узбекистон санҷида хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони Хадамоти бойторӣ ва фитосанитарии Қирғизистон аллакай чунин санҷишро дар гузаргоҳи марзии ин кишвар бо Узбекистон - "Достук" оғоз кардаанд.

"Деҳқонон аз арзон шудани нархи тарбузи худ норозӣ ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ки имсол сӯзишвории дизелӣ ва хидматрасонии техникаи кишоварзӣ гарон шудааст. Аз ман хоҳиш карданд, ки сифати тарбузи Узбекистонро санҷем. Деҳқонон масъалаи обёриро низ ба миён гузоштанд ва мо онро ҳал кардем", - гуфтааст Изобеков.

Ҳудуди 300 шаҳрванди Қирғизистон 23 июн дар Оқсӯ бо талаби санҷиши сифати тарбузи Узбекистон ва коҳиши воридоти он гирдиҳамоӣ карда буданд. Кишоварзони маҳаллӣ гуфтанд, воридоти тарбуз аз хориҷ нархи тарбузи дохилиро арзонтар мекунад.

XS
SM
MD
LG